9 Июл 2025 - 12:48
Source: ABNA
Ироқчӣ бо ибни Салмон дидор кард

Вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон бо Муҳаммад ибни Салмон валиаҳди Арабистони Саудӣ дидор ва гуфтугӯ кард.

Ба гузориши хабаргузории Аҳлибайт(а) — Абно — Сайид Аббос Ироқчӣ вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон сешанбе 17 тир моҳ дар Ҷидда бо Муҳаммад ибни Салмон валиаҳди Арабистони Саудӣ дидор ва гуфтугӯ кард.

«Исмоил Бақоӣ» сухангӯи Вазорати умури хориҷа асри сешанбе бо интишори паёме навишт: «Доктор Ироқчӣ, вазири хориҷа имрӯз сешанбе 17 тир дар масири баргашт ба Теҳрон аз Бразилия (иҷлоси сарони БРИКС), таваққуфи кӯтоҳе дар Ҷидда дошта ва бо мақомҳои олирутбаи Арабистони Саудӣ дидор мекунад.»

Бақоӣ идома дод: «Дар ин дидорҳо, роҷеъ ба равобити дуҷониба ва вазъияти сулҳу амният дар минтақа гуфтугӯ ва табодули назар хоҳад шуд.»

Your Comment

You are replying to: .
captcha